кушодан

кушодан
[کشادن]
1. боз кардан, яла кардан; сарпӯши чизеро бардоштан; муқоб. бастан ва пӯшидан: гиреҳро кушодан, дарро кушодан, қулфро кушодан, тугмаро кушодан
2. густурдан, паҳн кардан: дастархонро кушодан, суфраро кушодан
3. раҳо кардан; ҷудо кардан, раҳо ёфтан: арғамчинро кушодан, аспро кушодан
4. таъсис кардан: мактаб кушодан; болу пар кушодан а) ба парвоз даромадан; б) киноя аз ба пешрафти худ имкон пайдо кардан; гап кушодан сухан оғоз кардан (дар бораи чизе), гап сар кардан; замин кушодан замини нокорамро қобили кишт гардонидан; замири дили хешро кушодан рози дили худро гуфтан, ҳамаи он чиро, ки дар дил ниҳон аст, гуфта додан; лаб (даҳон) кушодан сухан сар кардан, гап задан; маҷлисро кушодан сар шудани маҷлисро эълон кардан, ҷаласаро ифтитоҳ кардан; оташ кушодан тирпаронӣ сар кардан (бо аслиҳаҳои оташбор); оғӯш кушодан дастҳоро аз ҳам кушодан (барои дар бағал гирифтани касе аз рӯи меҳрубонӣ); роҳ кушодан а) роҳи нав сохтан; б) роҳро боз кардан; рӯза кушодан ифтор кардан, баъди итмоми муддати рӯзагирӣ ба хӯрокхӯрӣ сар кардан; чашми касеро кушодан киноя аз касеро огоҳ ва бохабар кардан, касеро аз ҳолати ғафлат бароварда ба ҳақиқати кор воқиф намудан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать реферат

Смотреть что такое "кушодан" в других словарях:

  • лаб — [لب] 1. канори берунии атрофи даҳони одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки дандонҳоро мепӯшонад: лаби боло, лаби поин, лаби тунук, лаби ғафс, лаби гулгун, лаби майгун, лаби пурханда, лаби хандон, лаби ҷонбахш, кунҷи лаб, лабро пок кардан, лабони касе ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • даҳон — (даҳан) [دهان // دهن] 1. узви инсон ва ҳайвон, ки забон ва дандонҳо дар он ҷойгир аст 2. қисми саркушодаи зарф, тӯп, шиша ва ғ. ; ҷои даробарои баъзе чизҳои миёнковок, мадхал: даҳони ғор 3. гуфт., маҷ. калима: як ду даҳон гап задан; як даҳон…… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • об — I [آب] 1. моеи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст; оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби гарм муқоб. оби сард; оби равон оби ҷорӣ: муқоб. оби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • уқда — [عقده] а. кит 1. гиреҳ, банд 2. маҷ. Душворӣ, мушкилот; уқда кушодан а) гиреҳ кушодан, банд кушодан; б) маҷ. монеаҳоро дур кардан, мушкилиро бартараф карда, корҳои душворро осон кардан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • чашм — [چشم] 1. узви биниш дар инсон ва ҳайвон; чашм(он)и бодомӣ чашми бодомшакл; чашми тар дидаи гирён; чашми тира чашми камнур ва хира; чашм(он)и мешӣ чашмони калон калони сиёҳ; чашмони шаҳло чашми сиёҳи моил ба кабудӣ, ки бисёр зебо ҳисоб меёбад; ба… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • асрор — [اسرا] а. ҷ. сирр; маҳрами асрор бохабар аз розҳои ниҳонӣ; шахси боэътимоде, ки аз розҳо хабар дорад ва ба вай асрори дил гуфтан мумкин аст; маҳрами роз; сирру асрори пинҳонӣ розҳои махфӣ ва пӯшида; асрори касе ё чизеро кушодан // асрори касе ё… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ганҷ — [گنج] 1. тиллову нуқра ва ҷавоҳироти мавҷуд ё дар зери хок пинҳонкарда 2. хазина, махзан, ганҷина; ганҷи ниҳон хазинаи махфӣ, дафина; ганҷи ноёб дурру гавҳари нодир; панҷ ганҷ киноя аз «Хамса»и Низомии Ганҷавӣ; ганҷ кушодан боигарӣ кашф кардан;… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гиреҳ — [گره] 1. банд, уқда, ки дар натиҷаи бастани чизе пайдо мешавад: гиреҳ бастан, гиреҳро кушодан 2. кулӯлача ва лӯндачаҳое, ки дар решаи дарахтон пайдо мешавад 3. банд ва уқдаҳое, ки дар узви инсон ва ҳайвон мавҷуд аст; мафсил 4. чин, оҷинги пешонӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ифтитоҳ — [افتتاح] а. кушодан, боз кардан; оғоз ёфтан; санаи ифтитоҳ замони сар шудан; маросими ифтитоҳ маросими боз кардан; ифтитоҳ кардан кушодан, оғоз намудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • канор — [کنار] 1. соҳил, лаби об 2. паҳлу; гӯшаи ҳар чиз; тараф, ҷониб; сарҳади ягон ҷой; гӯшаю канор нуқтаҳои дури ҷое, ҷойҳои дурафтода ва дурдаст; канор доштан интиҳо доштан: муҳаббати ӯ канор надошт; канор будан дур будан, дар гӯшаи ҷое будан; канор… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»